🌧️ Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 10 дараҷа сард мешавад
Аз 5–6 октябр дар аксари ноҳияҳои водӣ ва кӯҳии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 8–10 дараҷа паст мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёт бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боришоти шадид пешбинӣ шуда, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф меборад. Суръати шамол дар бархе мавзеъҳо ба 15–20 метр дар як сония ва дар баъзе минтақаҳо ба 20–25 метр дар як сония мерасад.
Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Бо назардошти тағйирёбии вазъи обу ҳаво, Вазорати нақлиёт ба хадамоти роҳдорӣ дастур додааст, ки фаъолияти худро пурзӯр намуда, омодагии техника, захираи сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзишро таъмин кунанд.
Вазорат аз ронандагон хостааст, ки пеш аз сафар пешгӯии обу ҳаво ва ҳолати техникии мошинро санҷанд. Тозагии чароғҳо, оинаҳо ва шишаи пеш бояд таъмин шуда, доштани занҷири зиддилағзиш ва бел дар мошин тавсия мешавад.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳ ронандагон бояд суръатро коҳиш дода, масофаи бехатарро зиёд ва чароғи наздикро фаъол кунанд. Ҳамчунин аз истифодаи телефон ҳангоми ронандагӣ худдорӣ намоянд.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16385
72