TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 908 subscribers
Post #16340 80
Эмомалӣ Раҳмон хостори густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар интернет ва илм шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мешавад, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро табрик намуда, ба ҳифзи забони модарӣ, пок нигоҳ доштани он ва васеъ кардани доираи истифодааш даъват кард.

Дар паёми табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки забони тоҷикӣ-форсӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо бахши муҳими таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик буда, имрӯз низ яке аз омилҳои муҳими ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи ӯ, забони тоҷикӣ ҳамчун инъикосгар ва ифодагари андешаҳои миллӣ, арзишҳо ва дастовардҳои мардум гузаштагони пурифтихорро бо имрӯз ва ояндаи неки миллату давлат пайванд медиҳад.

Президенти кишвар зикр кардааст, ки дар 35 соли истиқлол дар Тоҷикистон Қонуни забони давлатӣ ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030 қабул шуда, муассисаҳои соҳавӣ таъсис ёфтаанд. Ҳамчунин, луғатҳои гуногун ва осори классикони адабиёти тоҷик ба нашр расидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба рушди босуръати технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ таъкид кардааст, ки забони тоҷикӣ бояд бо истилоҳоти муосир ғанӣ гардонида шуда, дастовардҳои илмӣ бештар ба фазои иттилоотии миллӣ ворид карда шаванд.

Ӯ ҳамчунин муҳим донистааст, ки ба омӯзиши забони адабӣ ба кӯдакону ҷавонон ва риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
  • ❤ 1
  • 🔥 1
More from @your_tj
  1. Oct 5, 2026⚠️ Бонки миллӣ аз паҳншавии APK-файлҳои зараровар ҳушдор дод Бонки миллии Тоҷикистон аз па…
  2. Oct 5, 2026Post #16366
  3. Oct 5, 2026🥋 Сборная Таджикистана завоевала 10 медалей на Кубке мира по таэквон-до в Туркестане 🏆 Т…
  4. Oct 5, 2026🏛 В Маджлиси намояндагон рассмотрели законопроекты о миграции, налогах и территориальной…
  5. Oct 5, 2026💧 Дар се деҳаи Кӯлоб марказҳои нави обтаъминкунӣ ба истифода дода шуданд Дар деҳаҳои Коре…
  6. Oct 5, 2026Post #16362
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →