⚠️ Бонки миллӣ аз паҳншавии APK-файлҳои зараровар ҳушдор дод
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн шудани файлҳои зараровари APK тавассути Telegram, WhatsApp ва шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандонро огоҳ кардааст.
Ба иттилои Бонки миллӣ, қаллобон метавонанд чунин файлҳоро зери ниқоби замимаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо ё аксҳо ирсол кунанд. Пас аз насби онҳо эҳтимол ба маълумоти телефони мобилӣ, маълумоти шахсӣ ва бонкӣ дастрасӣ пайдо шуда, маблағҳои корбарон рабуда шаванд.
Бонки миллӣ тавсия медиҳад, ки APK-файлҳо аз манбаъҳои номаълум насб карда нашаванд ва ба пайвандҳои шубҳанок ворид нашаванд.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки кормандони бонкҳо ҳеҷ гоҳ PIN-код, парол ва рамзҳои якдафъаинаи тасдиқро талаб намекунанд ва аз муштариён насби замимаҳои беруна ё шахсони сеюмро дархост намекунанд.
Агар чунин файли шубҳанок аллакай дар телефон насб шуда бошад, Бонки миллӣ тавсия медиҳад, ки фавран ба бонки худ муроҷиат карда шавад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16367
69