TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 909 subscribers
Post #16323 72
Ба далели лойолуд шудани дарёи Варзоб интиқоли об дар чанд минтақаи Душанбе маҳдуд мешавад

Корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» хабар дод, ки имрӯз, 2 октябр, бинобар лойолуд шудани оби дарёи Варзоб дар пайи боришоти зиёд, интиқоли оби ошомиданӣ ба як қатор минтақаҳои пойтахт маҳдуд карда мешавад.

Ба иттилои корхона, ин тадбир барои таъмини бехатарӣ ва сифати оби ошомиданӣ андешида шуда, то беҳтар шудани вазъ ва соф гардидани оби манбаи обгирӣ идома меёбад.

📍 Дар ноҳияи Сино: шаҳракҳои 10–15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101–104, 112, Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Гиҷдалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

📍 Дар ноҳияи И. Сомонӣ: кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира.

📍 Дар ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 2, 2026🇹🇯 Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили 40-солагии Истиқлоли Тоҷикистон фармон содир кард Презид…
  2. Oct 2, 2026📌 40-летие независимости Таджикистана отметят 9 сентября 2031 года 🇹🇯 40-летие Государс…
  3. Oct 2, 2026🇹🇯 Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил шуд Дар шаҳри Қоҳира бо та…
  4. Oct 2, 2026📌 В Хуросоне план осеннего призыва выполнили на 100% уже в первый день 🇹🇯 В Хуросонском…
  5. Oct 2, 2026Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 55 дарсад иҷро шуд Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хаб…
  6. Oct 2, 2026📌 В Хатлоне в первый день осеннего призыва план выполнен на 76% 🇹🇯 В Хатлонской области…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →