TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 907 subscribers
Post #16329 75
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 55 дарсад иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 дарсади нақша иҷро шудааст.

Маъракаи даъват 1 октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома мекунад. Ба иттилои Вазорати мудофиа, беш аз 20 шаҳру ноҳияи кишвар аллакай дар рӯзи аввали даъват нақшаи пешбинишударо пурра иҷро кардаанд.

🔹Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аз иҷрои пурраи нақша гузориш дода шудааст.

🔹Дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда 76 дарсад,
вилояти Суғд 13 дарсад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64 дарсад ва шаҳри Душанбе 63 дарсад-ро ташкил медиҳад.

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон, дар маъракаи мазкур ҷавонони аз 18 то 27-сола, яъне шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999–2008, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 4, 2026Post #16339
  2. Oct 4, 2026Post #16338
  3. Oct 3, 2026📌 В Таджикистане 5 октября резко похолодает: ожидаются снег, сильный ветер и пыльная мгла…
  4. Oct 3, 2026📌 В Таджикистане выбрали победительниц конкурса «Лучшая свекровь» 🏆 30 сентября в Таджик…
  5. Oct 3, 2026📚 С Днём учителя, дорогие педагоги Таджикистана! 🇹🇯 ❤️ Спасибо вам за терпение, мудрост…
  6. Oct 3, 2026📌 Эмомали Рахмон поздравил учителей Таджикистана с Днём учителя 📚 Президент Таджикистана…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →