TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 909 subscribers
Post #16331 63
🇹🇯 Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил шуд

Дар шаҳри Қоҳира бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва мисриён дар хориҷа, дигар ниҳодҳои давлатии Миср, сафирон ва намояндагони корпуси дипломатӣ, инчунин олимон, коршиносон, рӯзноманигорон ва тоҷикони муқими ин кишвар иштирок карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода зимни суханронӣ дар бораи дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол маълумот дода, сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба самти ҳамзистии осоишта, ҳамёрӣ ва густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

Дар доираи чорабинӣ инчунин китобу маҷаллаҳои дар Миср нашршуда оид ба Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, намоишгоҳи либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо баргузор гардид. Ҳамзамон филмҳои кӯтоҳи мустанад ва роликҳои таблиғотӣ дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 2, 2026🇹🇯 Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили 40-солагии Истиқлоли Тоҷикистон фармон содир кард Презид…
  2. Oct 2, 2026📌 40-летие независимости Таджикистана отметят 9 сентября 2031 года 🇹🇯 40-летие Государс…
  3. Oct 2, 2026📌 В Хуросоне план осеннего призыва выполнили на 100% уже в первый день 🇹🇯 В Хуросонском…
  4. Oct 2, 2026Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 55 дарсад иҷро шуд Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хаб…
  5. Oct 2, 2026📌 В Хатлоне в первый день осеннего призыва план выполнен на 76% 🇹🇯 В Хатлонской области…
  6. Oct 2, 2026📌 Абдулмаджид Кудиев завоевал серебро Азиатских игр-2026 🥈 Таджикский борец вольного сти…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →