10 оилаи аз сел зарардида дар Рӯшон соҳиби хонаҳои нав шуданд
Дар деҳаи Баррушони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 оилае, ки манзилашон бар асари сел пурра хароб шуда буд, 30 сентябр калиди хонаҳои навро гирифтанд.
Сел рӯзи 20 июл дар Баррушон фаромада, дар маҷмӯъ ба 40 хона зарар расонд. Аз ин шумора 10 хона пурра хароб, 13 хона қисман осеб дида, ба манзилҳои дигар зарари сабук расидааст.
Барои 10 оила рӯзи баъд аз офати табиӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Сохтмони хонаҳои нав оғоз гардида, онҳо дар давоми ҳамагӣ 27 рӯз бунёд шуданд.
Манзилҳои нав бо тамоми шароити зарурӣ барои зиндагӣ таъмин шудаанд.
Ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман осеб дида буд, низ қитъаи замин ва масолеҳи сохтмонӣ дода шудааст.
Манзилҳои зарари сабукдида аз оқибатҳои сел тоза карда шудаанд.
Дар маҳалли хонаҳои нав деҳаи Истиқлол ташкил шудааст. Дар оянда дар ин ҷо сохтмони мактаб, кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар маросими супоридани калидҳо раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода ва раиси ноҳияи Рӯшон Илҳом Аҳмадзода иштирок карданд.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16316
69