БАТР барои густариши интернети деҳоти Тоҷикистон то 48,38 млн евро қарз пешниҳод карданист
Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) имкони ҷудо кардани то 48,38 млн евро қарзро барои рушди зерсохтори интернети васеъхат дар Тоҷикистон баррасӣ дорад.
Лоиҳа бо номи «Интернети васеъхати деҳоти Тоҷикистон» (Tajikistan Rural Broadband) таҳия шуда, ҳадафаш тавсеаи шабакаҳои нахи оптикӣ ва беҳтар кардани дастрасии аҳолии минтақаҳои камтаъмин ба интернет ва хизматрасониҳои рақамӣ мебошад.
Айни замон тарҳ дар марҳилаи баррасии пешакӣ қарор дорад. Қарори ниҳоӣ оид ба маблағгузорӣ қабул нашуда, шарту шароити эҳтимолии қарз низ ҳанӯз муайян нест.
Дар сурати татбиқ шудан, лоиҳа ба операторони алоқа барои васеъ намудани пайвастшавии корбарон, аз ҷумла тавассути рушди шабакаҳои «марҳилаи охирин», имконият фароҳам меорад.
Амалӣ намудани тарҳ тавассути оператори миллии алоқа дар назар дошта шудааст, ки зерсохтори асосии телекоммуникатсионии кишварро идора мекунад.
Рушди зерсохтори рақамӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва БАТР дар солҳои наздик ба ҳисоб меравад.
Моҳи сентябри соли 2026 ҷонибҳо харитаи роҳи ҳамкории сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2030-ро мувофиқа карданд, ки энергетика, нақлиёт, таъминоти об, обёрӣ ва дастрасии васеъхат ба интернет дар деҳотро дар бар мегирад.
Қаблан, моҳи июни соли 2026, Вазорати молия, Хадамоти алоқа ва БАТР оид ба навсозӣ ва тавсеаи шабакаи миллии телекоммуникатсионӣ ёддошти ҳамкорӣ имзо карда буданд.
Он замон аз нақшаи ҷалби тақрибан 43 млн доллар барои рушди зерсохтори рақамӣ, беҳтар намудани сифати алоқа ва васеъ кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионӣ хабар дода шуда буд.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16277
84