Блогери 27-сола барои ташкили бозии бурдноки мошинҳо боздошт шуд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 27-солаи Душанбе Умед Давлатов хабар дод. Ӯ ба қаллобӣ бо маблағи беш аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои ВКД, Давлатов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бозии бурдноки мошинҳоро ташкил мекард.
Яке аз ин маъракаҳо аз 3 март оғоз шуда, дар давоми шаш моҳ дар доираи он 55 ҳазору 400 чипта фурӯхта шудааст.
Мақомот мегӯянд, аз фурӯши чиптаҳо беш аз 1,3 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст.
Ба гуфтаи ВКД, бозӣ бидуни гирифтани иҷозатномаи дахлдор ва бо истифода аз эътимоди шаҳрвандон баргузор шудааст.
Бо вуҷуди гузаштани тақрибан шаш моҳ, маросими қуръакашӣ ва супоридани ҷоизаҳо баргузор нашуда, маблағи ҷамъовардашуда, тибқи фарзияи мақомот, барои манфиатҳои шахсӣ истифода шудааст.
Мақомот ҳамчунин гуфтаанд, ки блогер ба харидорони чипта ваъдаи гирифтани «Айфон» додааст. Аз ҷумла, барои муштариёне, ки ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ чипта мехариданд, чунин ҷоиза ваъда шудааст. Аммо баъди харид, ба гуфтаи ВКД, ӯ ба зангҳои муштариён ҷавоб намедодааст.
ВКД мегӯяд, қуттиҳои телефонҳое, ки дар наворҳои таблиғотии бозӣ нишон дода мешуданд, холӣ буда, барои ҷалби шаҳрвандон истифода шудаанд.
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Давлатов бо гумони содир намудани ҷинояти дар моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Барои ин ҷиноят қонунгузорӣ ҷазоро аз ҷарима то 12 соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.Назари худи Давлатов дар бораи ин иттиҳом ҳанӯз маълум нест.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16291
68