TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 909 subscribers
Post #16302 44
Духтари президенти Ӯзбекистон хостори барқарории ҳукми қатл шуд

Саида Мирзиёева, духтари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва роҳбари дастгоҳ пас аз қазияи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба духтарчаи 5-сола дар кӯдакистони вилояти Намангон аз барқарории ҳукми қатл дар кишвар ҷонибдорӣ кард.

Ӯ 27 сентябр дар канали «Телеграм»-и худ гуфтааст, ки барои чунин ҷиноятҳои сангин, ба назари ӯ, бояд ҳукми қатл татбиқ шавад.

Ба гуфтаи Мирзиёева, қонунгузории амалкунанда чунин ҷазоро пешбинӣ намекунад ва пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ ва сахттар кардани ҷавобгарӣ таҳия мешаванд.

Тибқи иттилои Gazeta,uz, мақомоти Ӯзбекистон қазияи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба як тарбиятгирандаи 5-солаи кӯдакистони давлатӣ дар вилояти Намангонро таҳқиқ доранд.

Бо гумони содир кардани ҷиноят мудири хоҷагии муассиса, марди 52-сола, боздошт шудааст. Ӯ аз соли 2022 дар ин кӯдакистон кор мекардааст.

Директори муассиса гуфтааст, ки қаблан аз ҷониби волидон ё кормандон нисбат ба ӯ шикояте ворид нашудааст.

Модари кӯдак гуфтааст, ки баъд аз ҳодиса духтараш аз рафтан ба кӯдакистон метарсад. Ба гуфтаи ӯ, дар кӯдакистон камераҳои назоратӣ фаъол набудаанд ва наздикони гумонбар ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки дар ивази маблағ аризаашро бозпас гирад.

Ба гуфтаи директори кӯдакистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 11 сентябр ба муассиса омадаанд. Маълумот дар бораи ин қазия дар расонаҳо дар рӯзҳои 20-уми сентябр нашр шудааст.

Шаҳноза Мирзиёева, духтари дигари президенти Ӯзбекистон ва муовини аввали роҳбари Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, низ ба ин қазия вокуниш нишон додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ба оилаи духтарча барои кӯчидан ба шаҳри дигар кумак расонида мешавад. Ба оила манзил, барқарорсозии зарурӣ ва дастгирии иҷтимоӣ, аз ҷумла кумак барои таҳсил ва пайдо кардани ҷойи кор барои модари кӯдак, пешниҳод хоҳад шуд. Дар ҳолати зарурӣ масъалаи иваз кардани насаби онҳо низ баррасӣ мешавад.

Ҳукми қатл дар Ӯзбекистон аз моҳи январи соли 2008 бекор шудааст.

Ин тасмим бо фармони президенти вақти кишвар Ислом Каримов дар соли 2005 қабул шуда буд.
Соли 2022 Шавкат Мирзиёев изҳор карда буд, ки бо пешниҳодҳо барои барқарории ҳукми қатл розӣ нест ва пешниҳод карда буд, ки манъи он дар Конститутсия мустаҳкам карда шавад.

Аз соли 2023 манъи ҳукми қатл дар сатҳи конститутсионӣ сабт шудааст.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 1, 2026🚔 В Душанбе главы МВД стран СНГ обсудили борьбу с киберпреступностью и радикализацией мол…
  2. Oct 1, 2026👵 В Таджикистане живут 239 пенсионеров старше 100 лет 🎂 В Таджикистане насчитывается 239…
  3. Oct 1, 2026Global Gateway — это стратегия Европейского союза по развитию устойчивой инфраструктуры и…
  4. Oct 1, 2026⚠️ Служба связи Таджикистана предупредила об опасных APK-файлах в Telegram и WhatsApp 📱 В…
  5. Oct 1, 2026🍔 В Душанбе обсудили, как защитить детей от рекламы нездоровой еды 👧 В Душанбе прошла ко…
  6. Oct 1, 2026Дар 8 моҳ тақрибан 6 ҳазор тоҷик барои тиҷорат ба Ӯзбекистон рафтанд Дар ҳашт моҳи соли 20…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →