TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 909 subscribers
Post #16267 75
Дар Душанбе фаъолияти фоҳишахона дар меҳмонхона ошкор гардид

Кормандони полис дар шаҳри Душанбе зимни фаъолияти эҳтимолии фоҳишахонаро дар яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаи «HULBUK PALACE», воқеъ дар кӯчаи Қ. Кироми ноҳияи Шоҳмансур, маркази дилхушӣ ташкил намуда, онро ба фоҳишахона табдил додаанд.

Гуфта мешавад, онҳо барои ҷалби ҷавондухтарони хориҷӣ ва фароҳам овардани шароит барои машғул шудан ба танфурӯшӣ маблағ пешниҳод мекардаанд.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба гумонбари асосӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — ташкили ё нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Барои муайян ва дастгир намудани дигар афроди эҳтимолан дастдошта чорабиниҳои оперативӣ идома доранд.

Ҳамчунин, нисбат ба 22 ҷавондухтари хориҷӣ ва дигар шаҳрвандони дар ин кирдор дастдошта маводи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ин афрод аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд.

Милитсия аз шаҳрвандон хостааст, ки дар мавриди ошкор кардани чунин ҳолатҳо бетараф набошанд ва барои пешгирии кирдорҳои ғайриқонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
  • 👍 1
More from @your_tj
  1. Sep 30, 2026⚡️ Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориҳои энергетикӣ ва обиро баррасӣ карданд 28 сентябр да…
  2. Sep 30, 2026БАТР барои густариши интернети деҳоти Тоҷикистон то 48,38 млн евро қарз пешниҳод карданист…
  3. Sep 30, 2026✈️ Два пилота-пассажира — гражданин Украины и гражданин России — помогли посадить Flydubai…
  4. Sep 30, 2026⚡️ Таджикистан и Всемирный банк обсудили новые проекты в энергетике и водных ресурсах 🏔 В…
  5. Sep 30, 2026💳 Нацбанк Таджикистана обсудил со SWIFT развитие международных платежей 🌍 Делегация Наци…
  6. Sep 30, 2026🤝 TAJ-TECH 2026: таджикские компании договорились о новых технологических партнёрствах 💻…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →