🇹🇯🇮🇶 Сафири Тоҷикистон бо президенти Ироқ масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ кард
29 сентябр дар шаҳри Бағдод сафири Тоҷикистон дар Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо президенти Ироқ Низор Муҳаммад Саид Омидӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Ироқ ва роҳҳои рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд. Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Ҳамчунин, зарурати таҳкими робита миёни сохторҳои давлатии ду кишвар ва тавсеаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъкид гардид.
Президенти Ироқ тавассути сафир ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саломи худро расонида, Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик кардааст.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16266
82
