TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 904 subscribers
Post #16175 66
🇰🇿 Дар Қазоқистон 25 сентябр ба хотири низомиёни ҳалокшуда мотами умумимиллӣ эълон шуд

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев 25 сентябрро ба хотири низомиёни дар баҳри Каспий ҳалокшуда рӯзи мотами умумимиллӣ эълон кард. Фармони дахлдор дар сомонаи расмии «Оқорда» нашр шудааст.

Ҳодиса рӯзи 24 сентябр зимни машқҳои низомии «Хазар қорғани-2026» дар бахши қазоқистонии баҳри Каспий рух додааст. Ба иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, бар асари бад шудани ногаҳонии вазъи ҳаво ва шамоли сахт як гурӯҳи низомиён ҳангоми иҷрои вазифаи таълимӣ баҳр бурдааст.

Мақомоти Қазоқистон аз ҳалокати 9 низомӣ хабар додаанд. Дар маҷмӯъ 19 нафар ба баҳр афтода, 3 нафари онҳо наҷот дода шудаанд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад. Бар асоси маълумоти Ulysmedia.kz, то ҳол ҷасади 12 нафар аз об берун оварда шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис ёфтааст. Комиссияи Вазорати дифоъ таҳти роҳбарии вазир Даурен Косанов қазияро таҳқиқ мекунад.

Дар машқҳо беш аз 500 низомӣ иштирок доштанд. Тибқи маълумоти Bes.media, «Қазгидромет» рӯзи 24 сентябр дар минтақа вазиши шамолро то 20 метр дар як сония пешгӯӣ карда буд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Sep 25, 2026Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 сол ҳукми як хонандаи мактабро, ки барои куштори Лутфулло Сафар…
  2. Sep 25, 2026Дар Душанбе як размикори ММА-ро, ки дар Украина кушта шудааст, ба хок супурданд Рӯзи 23 се…
  3. Sep 25, 2026Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ба навиштаи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимо…
  4. Sep 25, 2026📌 В Душанбе похоронили таджикского бойца ММА Фирдавса Салохова. Он погиб в Украине 🕊 В Д…
  5. Sep 25, 2026📌 Таджикистан принял участие во внеочередной сессии Совета по авиации стран МАК ✈️ 25 сен…
  6. Sep 25, 2026🇹🇯🇰🇿 Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар робита ба ҳалокати низомиён ҳамдардӣ ка…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →