🇹🇯🇮🇷 Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар ИМА мулоқот карданд
23 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ баргузор шуд.
Ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва вазъи сиёсиву амниятии минтақаро баррасӣ карданд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бар пояи дӯстӣ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила рушд ёфта, ҳар ду ҷониб ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба манфиатдоранд.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16167
47
