TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 904 subscribers
Post #16169 119
Ҳавопаймои Эрон, ки ба Душанбе парвоз мекард, маҷбур шуд ба Теҳрон баргардад

Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии эронии «Вориш», ки аз Теҳрон ба Душанбе парвоз мекард, бинобар иҷозат надодани Туркманистон барои убур аз ҳарими ҳавоии ин кишвар маҷбур шудааст ба Теҳрон баргардад.

Дар ин бора намояндаи Созмони авиатсияи шаҳрвандии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Ахвон ба хабаргузории ISNA иттилоъ додааст.

Ин ҳолат дар пасманзари лағви парвозҳои байналмилалии ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон ба Амороти Муттаҳидаи Араб рух додааст. Тибқи иттилои ISNA, ширкатҳои эронӣ аз нимаи шаби гузашта ҳамаи парвозҳои худ ба АМА-ро бекор кардаанд.

Мақомоти Эрон аз мусофирон даъват кардаанд, ки ҳадди ақал як рӯз пеш аз парвоз маълумоти марбут ба парвози худро санҷанд.

Қаблан, 21 сентябр, вазири молияи ИМА Скотт Бессент гуфта буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон бояд аз 23 сентябр дар пайи таҳримҳои Вашингтон парвозҳои байналмилалии худро қатъ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин маҳдудиятҳо инчунин ба шарикони хориҷии Теҳрон дахл доранд.
More from @your_tj
  1. Sep 26, 2026📌 Таджикские кикбоксеры завоевали пять медалей на чемпионате мира в Италии 🥊 Сборная Тад…
  2. Sep 26, 2026📌 В Москве задержали разыскиваемого по делу о мошенничестве жителя Худжанда 🚔 В Москве з…
  3. Sep 26, 2026📌 Женская сборная Таджикистана разгромила Палестину на шахматной Олимпиаде в Самарканде ♟…
  4. Sep 25, 2026Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 сол ҳукми як хонандаи мактабро, ки барои куштори Лутфулло Сафар…
  5. Sep 25, 2026Дар Душанбе як размикори ММА-ро, ки дар Украина кушта шудааст, ба хок супурданд Рӯзи 23 се…
  6. Sep 25, 2026Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ба навиштаи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →