«Шоҳин Эйрлайнз» як ҳавопаймои L-410 -ро вориди парки ҳавопаймоҳояш кард
24 сентябри соли 2026 ширкати ҳавопаймоии «Шохин Эйрлайнз» парки ҳавопаймоҳои худро бо як ҳавопаймои нави навъи L-410 пурра кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ворид шудани ҳавопаймои нав яке аз натиҷаҳои рушди авиатсияи граждании кишвар дар 35 соли истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Таъкид мешавад, ки авиатсияи граждании Тоҷикистон сол ба сол рушд карда, такмил меёбад ва ҷуғрофияи парвозҳо васеъ мешавад.
Ҳавопаймои нави L-410 барои анҷоми парвозҳо ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон, инчунин дигар минтақаҳои сайёҳӣ истифода хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки истифодаи ҳавопаймо ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва осон шудани ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ мусоидат кунад.
Post #16161
35




- ❤ 1