🚨 Дар Душанбе духтараки 13-сола бар асари садама ба ҳалокат расид
Рӯзи 21 август, соати 10:20, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе садамаи маргбор рух додааст.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, ронандаи автомашинаи WULING LZW Самадов Муҳаммадшуҷо, ҳангоми ҳаракат дар роҳи пиёдагард духтари 13-сола, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш кардааст.
Дар натиҷаи садама ноболиғ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16091
77