TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 904 subscribers
Post #16145 75
Дар Хуҷанд 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил карда шуд

Шоми 23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор шуд, ки дар он президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Сарвари давлат зимни суханронӣ истиқлол ва озодиро аз дастовардҳои муҳими кишвар арзёбӣ намуда, ба нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистон ишора кард.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, танҳо дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ бунёд, навсозӣ ва ба истифода дода шудааст. Ин шумора аз нақшаи пешбинишуда 3 ҳазору 400 иншоот бештар мебошад.

Дар идомаи суханронӣ ба рушди саноати сабук, энергетика, истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилоят таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Президент ҳамчунин нақши лоиҳаҳои бузурги роҳу нақлиёт, аз ҷумла сохтмони нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ва таҷдиди роҳҳои Душанбе–Чаноқ ва Айнӣ–Панҷакентро дар беҳтар шудани иртиботи нақлиётии кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони кишвар ва вилояти Суғд баргузор шуд.
More from @your_tj
  1. Sep 26, 2026📌 В Москве задержали разыскиваемого по делу о мошенничестве жителя Худжанда 🚔 В Москве з…
  2. Sep 26, 2026📌 Женская сборная Таджикистана разгромила Палестину на шахматной Олимпиаде в Самарканде ♟…
  3. Sep 25, 2026Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 сол ҳукми як хонандаи мактабро, ки барои куштори Лутфулло Сафар…
  4. Sep 25, 2026Дар Душанбе як размикори ММА-ро, ки дар Украина кушта шудааст, ба хок супурданд Рӯзи 23 се…
  5. Sep 25, 2026Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ба навиштаи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимо…
  6. Sep 25, 2026📌 В Душанбе похоронили таджикского бойца ММА Фирдавса Салохова. Он погиб в Украине 🕊 В Д…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →