TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 904 subscribers
Post #16148 75
🇮🇷 Пизишкиён дар СММ: «Эрон ба муколама бо ИМА омода аст, аммо забони зӯриро намепазирад»

Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии СММ гуфт, ки Теҳрон барои муколама, дипломатия ва музокирот бо ИМА омода аст, аммо «забони зӯрӣ»-ро қабул намекунад.

Пизишкиён иддао кард, ки Эрон дар пайи ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба кишвар қурбонии терроризм шудааст. Ӯ аз ҳамла ба мактаб, иншооти варзишӣ ва дигар объектҳо ёд кард.

Президенти Эрон ҳамчунин гуфт, ки кишвараш барои ҳифзи худ ба тавонмандии дифоӣ ниёз дорад, аммо нияти таҷовуз ё ҳукмронӣ бар кишварҳои ҳамсояро надорад.

Дар мавриди барномаи ҳастаӣ Пизишкиён таъкид кард, ки Эрон истифодаи осоиштаи энергияи ҳастаиро идома медиҳад ва барои сохтани силоҳи ҳастаӣ талош намекунад.

Ӯ ҳамчунин вазъи Ғаззаро баррасӣ карда, аз кушта шудани беш аз 80 ҳазор нафар ва кӯчонидани зиёда аз 100 ҳазор нафар ёдовар шуд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Sep 26, 2026📌 Таджикские кикбоксеры завоевали пять медалей на чемпионате мира в Италии 🥊 Сборная Тад…
  2. Sep 26, 2026📌 В Москве задержали разыскиваемого по делу о мошенничестве жителя Худжанда 🚔 В Москве з…
  3. Sep 26, 2026📌 Женская сборная Таджикистана разгромила Палестину на шахматной Олимпиаде в Самарканде ♟…
  4. Sep 25, 2026Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 сол ҳукми як хонандаи мактабро, ки барои куштори Лутфулло Сафар…
  5. Sep 25, 2026Дар Душанбе як размикори ММА-ро, ки дар Украина кушта шудааст, ба хок супурданд Рӯзи 23 се…
  6. Sep 25, 2026Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ба навиштаи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →