TGViewer
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон @khadamotialoqa · 978 subscribers
Post #3281 382
Душанбе мизбони чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ мешавад
📍 29–30 сентябри соли 2026 дар Душанбе маҷмуи чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор мешаванд.
Дар доираи он Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) оид ба рушд барои минтақаи ИДМ, ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (RCC) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад.
Дар меҳвари баррасӣ — рушди зерсохтори телекоммуникатсионӣ, рақамикунонӣ, технологияҳои инноватсионӣ, амнияти киберӣ ва устувории шабакаҳои телекоммуникатсионӣ қарор хоҳанд дошт.
Дар чорабиниҳо роҳбарони ниҳодҳои соҳавии давлатҳои узви ИДМ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рӯзномаи рақамӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
#Тоҷикистон #Душанбе #Алоқа #Рақамикунонӣ #Технология #ITU #RCC #ИДМ #ҲамкорииМинтақавӣ #АмниятиКиберӣ
  • 👍 14
  • ❤ 2
  • 🔥 1
More from @khadamotialoqa
  1. Oct 5, 2026Зодрӯзи Пешвои миллат муборак бод! 05.10.2026
  2. Oct 5, 20265 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмо…
  3. Oct 5, 20265 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ш…
  4. Oct 5, 2026Бо камоли эҳтиром ҳамватанони азизро ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ме…
  5. Oct 4, 20264 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри К…
  6. Oct 4, 20264 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафа…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →