TGViewer
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон @khadamotialoqa · 983 subscribers
Post #3390 260
Бо камоли эҳтиром ҳамватанони азизро ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем!

Забони тоҷикӣ садои дилу андешаи миллати мост, ки моро бо гузаштаи пурифтихор ва мероси бузурги ниёгон мепайвандад.

Истиқлолияти давлатӣ ба рушди он неруи тоза бахшида, барои устувор гардидани ҷойгоҳаш дар давлатдорӣ, илму фарҳанг ва зиндагии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Арҷ гузоштан ба забони модарӣ аз эҳтиром ба Ватан оғоз меёбад. Биёед, бо омӯзиш, гуфтору навиштори дуруст ва ғанӣ гардонидани захираи вожаҳои он дар ободии маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем.

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гиромиву хуҷаста бод!
  • 👍 14
  • 🙏 2
  • ❤ 1
More from @khadamotialoqa
  1. Oct 8, 20268 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштир…
  2. Oct 8, 2026Вохӯрии муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа бо намояндаи ЮНИСЕФ 7 октябри соли 2026 муови…
  3. Oct 6, 20266 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷо…
  4. Oct 6, 2026Омӯзиши вазъи хизматрасониҳои алоқа дар Хатлон: аз муайянсозии масъалаҳо то роҳҳои ҳал 📡…
  5. Oct 5, 20265 октябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии МОИ Кӯлоб…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →