TGViewer
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон @khadamotialoqa · 979 subscribers
Post #3374 188

Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукуҳ ва ҷалоли хоса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • 🔥 6
  • 👍 2
  • ❤ 1
  • 👏 1
More from @khadamotialoqa
  1. Oct 5, 20265 октябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии МОИ Кӯлоб…
  2. Oct 5, 20265 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →