Дар Душанбе Анҷумани I саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» Анҷумани I саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва коршиносони пешрафта аз 8 кишвари ҷаҳон доир гардид.
Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки маблағгузории буҷетии хадамоти саратоншиносӣ дар 5 соли охир аз 22,8 млн ба 56,9 млн сомонӣ ва хариди доруҳои химиотерапевтӣ ба 9,6 млн сомонӣ расидааст. Ҳамчунин, дар ду соли охир ба маблағи 23 млн сомонӣ таҷҳизоти муосир харидорӣ шуда, соли 2026 созишнома ба маблағи 10 миллион евро ҷиҳати таҷдиди пӯраи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ба имзо расид.
Дар доираи ҳамоиш байни Маркази саратоншиносии Тоҷикистон ва Маркази миллии онкологии кӯдаконаи ба номи Д. Рогачёви Россия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида, дар хатми Анҷуман ҷиҳати такмили хизматрасонии онкологӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат дар кишвар Қатънома қабул гардид.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22108
151

