Маъмурони пулиси ноҳияи Синои Душанбе як далели коркард ва фурӯши маҳсулоти гӯштии ғайрисанитариро дар ҳаҷми беш аз як тонна ошкор карданд
Шаҳрванд Носиров Мақсудҷон, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе, дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Зафар, як адад яхдони худсохт омода сохта, дар он маҳсулоти гуногуни гӯштиро дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ ва коркард намуда, ба мизоҷони доимиаш ба фурӯш мебаровардааст, хабар медиҳад пулиси пойтахт.
Зимни санҷиш аз номбурда дар маҷмӯъ 1 тонна шуши гов, 100 кг равғани гов, 40 кг каллаи гов ва 35 кг пойи гов, ки дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштанд, дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Носиров М. маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.
Аз шаҳрвандон ва соҳибкорон даъват карда мешавад, ки ҳангоми ба фурӯш гузоштани маҳсулоти хӯрокворӣ қоидаҳои бехатарии истеъмолиро қатъиян риоя намоянд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21927
4
