Парчами Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо-2027 ба Қазоқистон супурда шуд
Қазоқистон расман парчами Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар соли 2027-ро, ки дар шаҳри Остона баргузор мегардад, қабул кард. Ин рӯйдоди муҳим барои варзиши ин кишвар дар пойтахти Озарбойҷон, шаҳри Боку, дар доираи рақобатҳои ҷаҳонӣ дар фазои тантанавӣ сурат гирифт. Дар маросим парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба намояндагони Қазоқистон ҳамчун мизбони қаҳрамонии навбатӣ супурда шуд.
Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо аз 7 то 14 июни соли 2027 дар шаҳри Остона доир мегардад. Ин мусобиқаи бонуфуз дар таърихи ин кишвар маротибаи дуюм баргузор шуда, яке аз марҳилаҳои калидии интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес ба ҳисоб меравад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21634
3
