Парчами Тоҷикистон дар Лас-Вегас: Паҳлавони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон (U-23) қувваозмоӣ мекунад
Рӯзҳои 12–18-уми октябр дар шаҳри Лас-Вегас (ИМА) қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштин миёни варзишгарони то 23-сола баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳим паҳлавони гӯштини озод Аҳмад Плиев (-74 кг) муаррифӣ мекунад.
Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ зиёда аз 600 варзишгар аз 49 кишвари ҷаҳон барои медалҳо ва унвони қаҳрамонӣ дар се ришта (гӯштини озод, юнониву римӣ ва бонувон) қувваозмоӣ мекунанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21633
3
