TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21569 395
Бонки ҷаҳонӣ барои ду тарҳ маблағгузории иловагӣ ҷудо кард

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабалланд созишномаҳои маблағгузории иловагиро барои ду тарҳи амалкунанда имзо карданд.

Барои тарҳи таҳкими устувории бахши кишоварзӣ $ 7,5 млн. ҷудо шуда, ин маблағ барои анҷоми сохтмони маркази агрологистикӣ дар Данғара ва муҷаҳҳазсозии маркази агрологистикӣ дар Душанбе равона мешавад.

Ҳамчунин барои тарҳи рушди барвақтии кӯдакон  € 30 млн. ва $ 4,5 млн. ҷудо гардида, маблағҳо барои густариши хизматрасониҳо, таъсиси 300 синфхонаи томактабӣ ва беҳтарсозии хизматрасониҳои тандурустӣ истифода хоҳанд шуд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 11, 2026Тоҷикистон ба беҳтарин натиҷаи таърихии худ дар Бозиҳои Осиё расид. Варзишгарони Тоҷикисто…
  2. Oct 11, 2026Душанбе мизбони нахустин Гран-прии ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон мегардад Рӯзҳои 24–25-уми ок…
  3. Oct 11, 2026«Саройкамар» мавқеи пешсафии худро дар Лигаи аввал мустаҳкамтар кард Мусобиқаи Лигаи аввал…
  4. Oct 11, 2026Ҳайати тими Тоҷикистон барои қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуд Ҳайати тими Тоҷикистон барои қаҳр…
  5. Oct 11, 2026«Равшан» ва «Ҳосилот» муҳорибаро бо мусовӣ хотима доданд Дар бозии даври 18-уми Қаҳрамонии…
  6. Oct 11, 2026Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ шуд Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов аз ҳайати ин созмони ҷаҳо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →