Дар ноҳияи Сангвор 5 нафар сокинони маҳаллӣ бо гумони тамаъҷӯӣ ва талаб кардани маблағи калон дастгир шуданд
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, як гурӯҳ ҷавонон бо маслиҳати пешакӣ ба назди хонаи истиқоматии ҷавонзан Д.Х. соли таваллудаш 2002 омадаанд. Онҳо суҳбати ин ҷавонзанро бо шаҳрванд Д.С. соли таваллудаш 2000 пинҳонӣ сабт карда, нисбати онҳо таҳдид ва зӯроварӣ нишон додаанд.
Тамаъҷӯён барои паҳн накардани ин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷабрдидагон 100 ҳазор сомонӣ пул талаб кардаанд. Барои кафолати иҷрои шарташон, онҳо воситаи нақлиёти тамғаи мотосиклро, ки ба ҷавон Д.С. тааллуқ дошт, зӯран гирифтаанд ва ваъда додаанд, ки танҳо пас аз гирифтани пул онро бармегардонанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД, ҳар 5 нафар гумонбаршуда дастгир карда шуданд. Нисбати онҳо бо моддаи тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ин модда ҷазои хеле вазнин ва муддати тулонии зиндонро пешбинӣ мекунад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21448
2