TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21445 128
Кӯшониён: боздид аз истифодаи самараноки замин дар хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷаҳонгир”
 
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз раванди самаранок истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҷаҳонгир» боздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҷаҳонгир» дар деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён ҷойгир буда, аз соли 2014 инҷониб фаъолият менамояд.
 
Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 8,0 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин масоҳат дар 2,0 гектар қулфинай, дар 1,0 гектар юнучқа ва дар 5,0 гектар пахта кишт карда шудааст. Зимни боздид раиси вилоят аз гармхонаи доимоамалкунандаи хоҷагӣ, ки дар майдони 2,0 гектар бо истифода аз технологияи кишти қулфинай зери плёнка фаъолият менамояд, боздид карданд.
 
Дар ҷараёни боздид таъкид гардид, ки истифодаи самараноки заминҳо, кишти маҳсулоти серҳосил ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ барои зиёд намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза аҳамияти муҳим дорад. Фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҷаҳонгир» нишон медиҳад, ки истифодаи дурусту самараноки ҳар як қитъаи замин ва рушди кишти маҳсулоти гуногун метавонад ба зиёдшавии истеҳсолот ва таъмини бештари ниёзи бозор мусоидат намояд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Истиқболи куҳансарбоз баъд аз анҷоми хидмати низомӣ дар ноҳияи Айнӣ Чунин маросими нав дар…
  2. Oct 9, 2026Ҷамъбасти 20 рузаи аввали маъракаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд 📱 Обуна шавед — Ҳамд…
  3. Oct 9, 2026Умури ободонӣ дар ноҳияи Темурмалик низ идома дорад Мисли дигар минтақаҳо дар ноҳияи Темур…
  4. Oct 9, 2026🇹🇯🎓🇺🇸 Донишмандони тоҷик метавонанд барои гузаронидани пажуҳиш дар Амрико кӯмаки молӣ…
  5. Oct 9, 2026Новобаста аз боридани барфи баланд, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Оббурдон имконпазир а…
  6. Oct 9, 2026Масчиди деҳаи Валиғонди Куҳистони Масчоҳ соли 1296 сохта шуда, сипас қисман бозсозӣ гаштаа…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →