Дар ноҳияи Восеъ ду ҳавзи шиноварӣ фаъол шуданд
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ, дар деҳаи Ниҳолпарвари ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ ду ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Набиев Содиқҷон бунёд гардида, барои татбиқи он дар маҷмӯъ 1,5 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
Ду ҳавзи шиноварии навбунёд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машғул шудан ба варзиш, обутоби ҷисмонӣ ва истироҳату фароғати солими сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, сохта шудаанд. Ба истифода додани иншооти мазкур дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нави варзишӣ барои аҳолӣ, ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити муносиб барои солимии ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бунёди чунин иншооти варзишию фароғатӣ дар маҳалҳо имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти фароғати худро самаранок истифода бурда, ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб гарданд.
Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани ду ҳавзи шиноварӣ 4 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки ин иқдом барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони маҳаллӣ низ аҳаммияти муҳим дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21441
153