🇸🇾🇾🇪Сурия эҳтимоли эъзоми неруҳо ба Яман барои муқобала бо ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-ро баррасӣ мекунад
Арабистон Саудӣ ва Сурия эҳтимоли ҷобаҷокунии неруҳои суриягӣ дар Яман барои анҷоми ҳамла бар зидди ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-ро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад Axios бо такя ба се мақомдори амрикоӣ.
Президенти Сурия Аҳмад ал-Шараа, ки ҳамзамон бо номи Абу Муҳаммад ал-Ҷулонӣ, собиқ роҳбари гуруҳи суриягии "Ал-Қоида" чунин эҳтимолро ба таври ҷиддӣ баррасӣ мекунанд, ҳарчанд тасмими ниҳоӣ ҳанӯз гирифта нашудааст. Нашрия зикр мекунад, ки ин мавзӯъ дар мулоқоти ахир бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон дар Риёз дар ҳафтаи ҷорӣ баррасӣ шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ки бо раванди музокирот ошно аст, Сурия аз 10 000 то 20 000 ҳазор сарбоз фиристоданист.
Зикр мешавад, ки ба ин теъдод террористони хориҷӣ, ки ҳангоми ҷанг ба Сурия фиристода шуда буданд низ метавонанд шомил шаванд ва Вашингтон мухолифи ин амр нест.
Риёз қасд дорад, ки суриягиҳо сафи ҷанговарони ихтиёрии ҳукумати Яманро, ки таҳти назорати Арабистони Саудӣ қарор доранд, тақвият диҳанд. Зеро, неруҳои яманӣ дар муқобили ҷанговарони “Ансоруллоҳ” заифтаранд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21342
127
