Андар боби ҳарфи "Ӯ"
Аксар занг мезананду мепурсанд:
-Кадом калимаҳо бе ҳарфи «Ӯ» навишта мешаванд? Шӯхӣ «Ӯ» мегирад ё не? Рос аст, ки «мӯзадӯз» музадузу «кӯса» куса шудааст? Оё воқеан одамҳое, ки то имрӯз ба ин ё он кор «кӯшиш» мекарданд, минбаъд кушиш мекунанд? Рӯдакиро бо «Ӯ» нависам ё бе «Ӯ»? ва ғайра....
Ба ҳама як тавсия медиҳам, менависад адиби ҳаҷвнигор Холиқназар Ҷумъаев:
-«Фарҳанги нави имлои забони тоҷикӣ» бо шумораи хеле кам чоп шуда ва ҳатто дастраси омӯзгорон нашудааст. Муаллифон ҳанӯз дар ҷое онро муаррифӣ (презентатсия) накардаанд. Вобаста ба қоидаҳои нави имло дар мактабҳои миёна ва олӣ низ, то ҳол дарсе нагузаштаанд. Парлумон ҳам онро тасдиқ ва ё инкор накардааст. Бинобар он имлои навро ҳанӯз қабулшуда эътироф кардан хатост.
Беҳтар он аст, ки бо ҳамон шакли медонистагиамон навиштан гирем.
Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21236
355

