Гурӯҳи олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии АМИТ таҳти роҳбарии академик Илолов М. дар ҳамкорӣ бо олимони Ҷопон (Раҳматов Ҷ., Инагаки Ф., Расулов С.) мақолаи илмии «Dushanbe Artesian Basin: Opportunities for Ground Source Heat Pump (GSHP) Deployment»-ро дар маҷаллаи байналмилалии *International Journal of the Society of Materials Engineering for Resources* нашр намуданд.
Таҳқиқот иқтидори геотермалии ҳавзаи артезиании Душанберо барои истифодаи насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ арзёбӣ мекунад. Дар асоси санҷиши термикии чоҳи 105-метра ва таҳлили 95 намунаи обҳои зеризаминӣ муайян гардид, ки гармигузаронии миёнаи самараноки замин тақрибан 1,9 Вт/(м·К) ва ҳарорати табиии он 16,5 °C мебошад.
Post #31513
67

- 👍 2
- 🙏 1