TGViewer
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan @akademia55 · 764 subscribers
Post #31547 26
НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕДИТСИЯИ МУШТАРАКИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОНУ ИСРОИЛ ДАР БОШИШГОҲИ СОЙИ ҲАВЗАК

Дар шаҳри Панҷакент таҳқиқоти бошишгоҳи асри санги Сойи Ҳавзак, ки соли 2023 аз ҷониби экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти бостоншиносии Донишгоҳи ибрии Исроил бо иштироки олимон аз Фаронса, Португалия, Юнон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳиндустон кашф гардида буд, ба анҷом расиданд.

Таҳқиқот дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни ду Институт ва Иҷозатнома (Варақаи кушода)-и № 31, ки аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, гузаронида шуданд.

Таҳқиқоти бостоншиносӣ дар сатҳи баланди методологӣ дар тамоми марҳилаҳои корҳои ҳафриётӣ гузаронида шуда, бо коркарди батафсилии қабати маданӣ, бехтан ва шустани тамоми хоки аз ҳафриёт баровардашуда ҳамроҳ буданд.
  • 👍 1
More from @akademia55
  1. Oct 15, 202615 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ишти…
  2. Oct 15, 2026ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСИИ ДУҶОНИБА ДАР ЁДГОРИИ АСРҲОИ МИЁНАИ КОФИРҚАЛЪА (ҲАЛЕВАРД), ВА ЁДГОРИ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →