TGViewer
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan @akademia55 · 764 subscribers
Post #31442 50
🇹🇯 ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ДАР ИФТИТОҲИ АКАДЕМИЯИ ФУТБОЛИ ВМКБ ДАР ДАРВОЗ ИШТИРОК КАРД

✅ Имрӯз, 14 октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.

Пас аз ифтитоҳи Академия Рустам Эмомалӣ дар фестивали футболи кӯдакона иштирок кард, ки дар он футболбозони наврас маҳорати худро намоиш дода, шоҳиди як чорабинии ҷолиби футболӣ гардиданд.

Ҳамчунин, президенти ФФТ бо инфрасохтори маҷмааи нави варзишӣ ва шароите, ки барои омодасозии футболбозони ҷавон фароҳам оварда шудааст, шинос шуд.

Академияи футболи ВМКБ дар Дарвоз дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ – болопӯшида ва кушода мебошад, ки барои баргузории тамринҳо ва машғулиятҳо дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад.
  • ❤ 2
  • 👍 1
  • 👏 1
More from @akademia55
  1. Oct 14, 2026Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам…
  2. Oct 14, 202614 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ишти…
  3. Oct 14, 2026Таҷлили Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикист…
  4. Oct 14, 2026Давоми рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи ф…
  5. Oct 14, 202614 октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →