Давоми рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар деҳаи Қалъаи Хумби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз, варзишгоҳи болопӯшидаи “Нури Модар Арена”, майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони варзишгоҳи болопӯшида дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ моҳи июни соли 2026 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2026 бо риояи талаботҳои сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расидааст.
Post #31483
48





- 👍 1
- 🙏 1