ЗАМИНҶУНБӢ ДАР ДУШАНБЕ ВА МАҲАЛҲОИ АТРОФИ ОН ЭҲСОС ГАРДИД
ДУШАНБЕ. 13 октябр. Соати 14:41:11 ба вақти маҳаллӣ, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар минтақаи кафиши Андигон дар ҳудуди шаҳри Душанбе заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд. Таконҳои он дар маркази пойтахт ва як қатор маҳалҳои атроф эҳсос гардиданд.
Бино ба маълумоти пешакии Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, магнитудаи заминҷунбӣ 4,5 буда, умқи манбаи он тақрибан 8–10 километр арзёбӣ шудааст.
Тибқи маълумоти шабакаҳои пойгоҳҳои сейсмикии Институт, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мавқеи ҷуғрофии маркази заминҷунбӣ 38,60 дараҷа арзи шимолӣ ва 68,90 дараҷа тӯли шарқӣ муайян шудааст.
Post #31435
71

- 👍 2