TGViewer
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan @akademia55 · 760 subscribers
Post #31054 25

Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

4 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо расман ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи Маҳдия идома ёфт.
Кӯдакистони Маҳдия дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар маҳаллаҳои дорои 100 хоҷагӣ дар деҳаи Заркамар бунёд гардидааст.
Муассисаи нав бо риояи талаботи муосир ва истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он барои таълиму тарбия ва фароғати 200 кӯдак шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар дохили кӯдакистон толорҳои бозии зимистона мавҷуд буда, дар ҳудуди муассиса низ майдонҳои бозиву варзишӣ ташкил шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки кӯдакон ҳам дар дохили бино ва ҳам дар ҳавои кушод ба бозиҳои инкишофдиҳанда, машғулиятҳои ҷисмонӣ ва дигар фаъолиятҳои тарбиявӣ машғул шаванд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • 👍 2
More from @akademia55
  1. Oct 4, 2026ЗАБОН ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТО…
  2. Oct 4, 2026Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои…
  3. Oct 4, 20264 октябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →