TGViewer
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan @akademia55 · 760 subscribers
Post #31097 30

Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

4 октябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор дода, бо шароити он шинос шуданд.
Дар бинои навсохт шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Раёсат, маркази рақамикунонӣ ва инноватсионии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, маҷлисгоҳ бо 110 курсӣ, 25 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири техникӣ, озмоишгоҳ, китобхона, меҳмонхона бо 6 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ таъмин ҳастанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёди чунин иншооти замонавиро дар маркази шаҳри Кӯлоб барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки барои анҷоми босифати корҳои назоратӣ, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ андешанд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • 👍 1
More from @akademia55
  1. Oct 4, 2026ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОШАД, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
  2. Oct 4, 2026ЗАБОН ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ Табрикоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикисто…
  3. Oct 4, 2026Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →