РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШР ТАҲТИ УНВОНИ “НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФӢ ДАСТИ ӮСТ!”
Имрӯз, 2 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии асари нави муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар таҳти унвони «Намакдони миллат кафӣ дасти ӯст!» баргузор гардид.
Маҷмуаи мазкур, корномаи Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони навин ва эъмори сулҳу ваҳдати миллиро ифода намуда,зинаҳои тайкардаи 35 соли Истиқлолияти давлатиро дар бар мегирад. Баррасии ҳифзу ҳимояти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ хонандаро ба дарку эҳсоси ҳуввияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ талқин мекунад.
Дар баробари дигар олимон ва ходимони давлатӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии худ доир ба мазмуну муҳтавои китоби мазкур андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки асар бо сабки хосси адабӣ ва нигориши арзишманд ба муҳимтарин марҳилаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон таҳия гардидааст.
Post #30913
38










- 👍 1