ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Устодону омӯзгорони азиз!
Бо фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбияи наврасону ҷавонон, омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба ҳар яки Шумо муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
Воқеан ҳам дар кишвари соҳибистиқлоли мо Тоҷикистони азиз, маҳз зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону омӯзгорон мақому манзалати волоро соҳиб мебошанд. Маҳз ҳамин дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" қабул намуданд.
Муфассал: https://www.facebook.com/share/p/14qEe8jHqau/?mibextid=wwXIfr
Post #30908
39


- 👍 2
- 🙏 1