ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ЯК ҶОЙИ ДУЮМ ВА ҶОЙИ ИФТИХОРӢ НАСИБИ КОРМАНДОНИ АМИТ ГАРДИД
Имрӯз, 1 октябр дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар даври шаҳрии озмуни мазкур Сулаймони Аҳтам - корманди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ғолиби ҷойи дуюм ва корманди Шуъбаи кор бо мактабачагони Академияи хурди илмҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сулаймонова Ҷавоҳира ғолиби ҷойи сеюм гардиданд, ки зимни чорабиниӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Аҳли Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин дастовардҳои бузургро ба ғолибон табрику таҳният хонда, дар даврҳои ниҳоӣ ба давталабон барору комёбиҳо таманно менамоянд.
Post #30892
43





- 👍 1
- 🙏 1