МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ ВА АГЕНТИИ СУҒУРТА ВА ИҶТИМОӢ
Имрӯз 01.10.2026. бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони Агентии суғурта ва иҷтимоӣ ва дигар вазорату идораҳо мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳкими робитаҳои байниидоравӣ ташкил карда шуд.
Дар рафти мусобиқа ҳар ду даста маҳорати хуби варзишӣ, чолокӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳисси баланди дастаҷамъиро нишон доданд. Рақобат дар фазои дӯстона ва рӯҳияи баланди варзишӣ сурат гирифта, иштирокчиён бо риояи қоидаҳои волейбол ва эҳтироми якдигар сабқат намуданд.
Post #30882
63








- 👏 2
- 🙏 1