TGViewer
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan @akademia55 · 762 subscribers
Post #30665 32

Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, мулоқоту суҳбат бо мардум ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Бояд таъкид намуд, ки ин ташрифи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин парвози ҳавопаймои нави тамғаи L-410 NG аз ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси Шоҳин Эйрлайнз ба шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Ин, ҳамчунин нахустин парвоз бо хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Хоруғ аст, ки бо он алоқаи мунтазами ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ бозкушоӣ мегардад. Аз ин рӯз ба баъд миёни Душанбею Хоруғ бо ин ҳавопаймо, ки Бадахшон номгузорӣ шудааст, мунтазам парвозҳои мусофирбарӣ анҷом дода мешавад.
Дар фурудгоҳи Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо рӯҳу илҳоми баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббати беандоза гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #ВМКБ #GBAO #ГБАО
  • 👍 1
More from @akademia55
  1. Sep 27, 2026МАҲБУБИ МИЛЛАТ! Хандаҳоят хандаи бахти тамоми миллат аст, Рӯи нурафшони ту моҳе ба шоми ми…
  2. Sep 27, 202627 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 лоиҳ…
  3. Sep 27, 202627 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →