Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сохтмони роҳи мултимодалии Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо бунёду навсозии 90 километр қитъаи роҳи Мурғоб – Кулма ва гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Каросу ояндаи наздик оғоз меёбад.
Бунёди роҳу пул ва нақбҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар долони байналмилалии Душанбе-Хоруғ-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳаракати нақлиёт дар 4 фасли сол таъмин гардад, сокинони маҳаллӣ аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиёт баҳравар шаванд ва боркашонии байналмилалӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон афзоиш ёбад.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #ВМКБ #GBAO #ГБАО








