БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ «ДЕНДРОЛОГИЯ ВА ИНТРОДУКСИЯИ РАСТАНИҲО» ДАР НАЗДИ ИНСТИТУТИ БОТАНИКА, ФИЗИОЛОГИЯ ВА ГЕНЕТИКАИ РАСТАНИҲОИ АМИТ
Имрӯз, 21 сентябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт озмоишгоҳи «Дендрология ва интродуксияи растаниҳо» мавриди истифода қарор гирифт.
Бояд зикр намуд, ки озмоишгоҳи «Дендрология ва интродуксияи растаниҳо» дар заминаи дастуру супоришҳо ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Post #30534
73










- 👍 2
- 🙏 1