Дар пайи садама дар Ҳисор модар ва ду фарзандаш ба ҳалокат расиданд
Шоми 5 октябр дар шоҳроҳи Душанбе–Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор, садамаи маргбор рух дод.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ронандаи 39-солаи «Kia K5» Ҳамдам Ниёзов ҳангоми ҳаракат занеро ҳамроҳ бо ду фарзандаш, ки аз гузаргоҳи пиёдагард мегузаштанд, пахш кардааст.
Дар натиҷа Шукрона Табароваи 29-сола ва фарзандонаш Абдураҳмони 9-сола ва Ойшаи 1-сола, ки сокинони Душанбе буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Назари ронанда ва пайвандони ҷонбохтаҳо маълум нест. ВКД мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16410
64
- 😭 1