⚡️ Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Бадахшони Афғонистонро идома медиҳад
Ширкати «Pamir Energy» ва ширкати давлатии энергетикии Афғонистон DABS ба созишномаи интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияҳои наздимарзии вилояти Бадахшон тағйирот ворид карданд.
Тибқи иттилои «Pamir Energy», интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияҳои Моймай, Нусай, Шуғнон ва Ишкошим идома меёбад. Айни ҳол тавассути шабакаҳои ин ширкат тақрибан 6900 муштарӣ бо нерӯи барқ таъмин мешаванд.
Ҷонибҳо ҳамчунин идомаи барқрасонӣ ба ноҳияҳои наздимарзӣ ва афзоиши содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро ба мувофиқа расониданд. Барои ин «Pamir Energy» дар ҷамоати Қозидеҳии ноҳияи Ишкошим зеристгоҳи 110 кВ-ро ба истифода додааст.
Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВ то шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон, дар назар аст. DABS омодагии худро барои сохтмони хатҳои барқ дар ҳудуди Афғонистон баён кардааст.
Амалӣ шудани ин тарҳҳо имкон медиҳад, ки шумораи истеъмолкунандагони нерӯи барқ дар Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла дар Файзобод ва Баҳорак, зиёд шавад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16407
65