💡 Дар Душанбе имрӯз барқи чанд маҳалла қатъ мешавад
Имрӯз, 7 октябр, интиқоли нерӯи барқ дар чанд кӯчаву маҳаллаи Душанбе аз соати 12:00 то 16:00 муваққатан қатъ карда мешавад.
Ба иттилои намояндагии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар пойтахт, маҳдудият ба корҳои таъмиру тармим вобаста буда, барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон анҷом дода мешавад.
Қувваи барқ дар минтақаҳои зерин қатъ мегардад:
📍 ноҳияи И. Сомонӣ: кӯчаҳои Бухоро 10, Фарҳод, Варзоб ГЭС, Осимӣ, П. Толис, Гагарин, Ҳамзаалиев ва маҳаллаҳои Ҷангалак, Навобод, Деҳнавак, Дашти Хорзор.
📍 ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Гулбутта 1 ва Гулбутта 3.
📍 ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Сомон ва Гулпарвар.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16390
75