TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 914 subscribers
Post #16400 51
🏥 Дар Шамсиддин Шоҳин ду муассисаи нави тиббӣ ба истифода дода шуданд

6 октябр бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои нави Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ ба истифода дода шуд.

Беморхонаи марказӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 66 кати табобатӣ ва 103 утоқи корӣ мебошад. Маркази саломатӣ бошад, 23 утоқ дошта, барои қабули то 340 бемор дар як баст пешбинӣ шудааст.

Иншоотҳо дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон сохта шудаанд.

Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии сокинони ноҳия, бахусус аҳолии деҳоти дурдаст, ба хизматрасониҳои тиббӣ мебошад.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 7, 2026🇹🇯 Таджикистан представит национальную кухню и культуру на фестивале стран СНГ в Туркмен…
  2. Oct 7, 2026⚡️ Таджикистан продолжит поставки электроэнергии в афганский Бадахшан 🤝 В Душанбе компани…
  3. Oct 7, 2026🩺 В Таджикистане не менее 600 трудовых мигрантов получают лечение от ВИЧ за границей 📊 Р…
  4. Oct 7, 2026Бори аввал дар Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷӣ стент-графти шоҳраги қафаси сина гузошта шуд…
  5. Oct 7, 2026📌 МИД Казахстана передаст России список граждан страны, находящихся на войне в Украине 🇰…
  6. Oct 7, 2026🩺 ВОЗ проверяет сообщения о возможной чуме после смерти сотрудницы лаборатории в России ⚡…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →